Tojiksoft

Tojiksoft

Share

21/01/2016

Tojiksoft Tojiksoft Маркази барномасозии TojikSoft дар рузҳои наздик 7 номгуи барномаҳои беҳтарини худро дар сомонаи www.tojiksfot.tj пешниҳоди ҳамватанон мекунад. Яке аз барномаи бузурги марказ Довталаб2016 дар шакли версияҳои гуногун аз ҷумла Lite, Pro,Online ва Mobile пешниҳод мегардад. Дар базаи маълумотҳои барномаи Довталаб 2016 аз 6000 то 32000 саволу ҷавобҳои фанҳои мактабӣ дохил карда шудаанд, ки барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ беҳтарин воситаи тайёри ба шумор меравад. Мутахассисон 3 сол мешавад. ки ин барномао такмилу ривоҷ медиҳанд ва ниҳоят шакли ниҳоии он дар рузҳои наздик пешкаш карда мешавад. Дар интизори навигариҳои сомонаи tojiksoft.tj бошед. Инчунин дигар барномаҳо аз қабили крсоссворди тоҷикӣ, ребусҳои тоҷикӣ, бозиҳои интеллектуалӣ бо забони тоҷикӣ тайёр шуда истодаанд, ки ҳам барои компютерҳо ва ҳам телефон ва планшетҳои мобилӣ пешбиниӣ шудаанд.

www.tojiksfot.tj

13/01/2016

Маркази Барномасозӣ

www.tojiksoft.tj

Tojiksoft Барномахои компютерии тоҷикӣ барои хонандагони макта?

Photos from Tojiksoft's post 13/01/2016

Барномаҳои зерин аз маркази TojikSoft

Саҳифаи аввал 13/01/2016

Мақсад ва вазифаҳои маркази компютерии "TojikSoft"


Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар рушд ва фароҳам овардани шароити технологияи ҳозиразамон рў ба инкишоф аст. Ва қобили зикр аст, ки тараққиёти кишварамон аз сатҳи баланди иқтисодиёт низ вобастагӣ дорад. Дар баробари ба даст омадани имкониятҳои моддӣ, сатҳи илму фарҳанг ва маънавиёти мардум низ боло хохад рафт.
Имрўз новобаста аз шароит ва имконоти мавҷудбуда Президенти мамлакат Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи илму техника ва кашфиёту тадқиқотҳо дар ин соҳа шароитҳои мусоидро фароҳам оварда истодааст. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбари давлат ҳар як шахси ифтихори миллӣ доштаро водор менамояд то баҳри омода ва кўмак намудани насли ҷавон ҷиҳати омўзиши илму технологияи ҳозиразамон кӯшиш намояд.
Асри 21 асри технологияҳои компютерӣ эълон шудааст ва ба ҳамагон маълум мебошад, ки тараққиёти илмҳои технологияи компютерӣ низ рўз аз рӯз бо суръати калон инкишоф ёфта истодааст. Аз ин рў мо мутахассисони ин соҳаро зарур аст, ҳарчӣ бештар навигариҳои дар олами технологияи компютерии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро омўхта, ба насли ҷавон хусусан хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷўён ва ниёзмандони ин соҳа дастрас намоем..
Бо дарназардошти талабот ва дастурҳои роҳбари кишвар, ки аз баромаду пайёмҳои ҳарсола сарчашма мегирад, тасмим гирифтем маркази технологияҳои компютерие, ки барои тайёр намудани барномаҳои омўзишии электронӣ равона карда шудааст ба истифода дода шавад. Дар маркази технологияҳои компютерии "Tojiksoft" сомонаи шабакавии «www.Tojiksoft.tj»таъсис дода шуд, ки дар рушди соҳаи маорифи кишварамон саҳм хоҳад гузошт..
Масъалаи илми компютерӣ аз нигоҳи аввал хело ҳам душвортар буда, омўзондани хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ омўзиши махсусро тақозо менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт лозим аст, кадрҳои ботаҷрибаю баландихтисос омўзонда шавад, то мушкилиҳои дар инсоҳа ба кадри имкон рафъ гардад. Зеро айни ҳол норасоии маводҳои омўзишӣ, хусусан барномаҳои компютерӣ бо забони тоҷикӣ яке аз мушкилиҳои мубрами руз дар кишварамон мебошад. Дар мамоликҳои тараққикардаи ҷаҳон баробари рушди технология, пеш аз ҳама тамоми барномаҳои компютери барои хонанда бо забони ҳамон давлат омода карда шудааст, ки яке аз манбаъҳои илмомузи ба хисоб меравад Дар бештари давлатҳои ҳамсоя ҳатто дар кудакистонҳо бо истифода аз маводҳои электронӣ таълим ба роҳ монда шудааст. Ва илм исбот кардааст, ки кудакону наврасон бо воситаи бозиҳои омузишии компютерӣ ва интерактивӣ супоришро тез аз худ мекунанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Раҳовард» дар асоси Карори Шурои ТИК тибқи Ойиннома иқдоми наҷиберо пеша кардааст ва маркази технологияяҳои компютерии "Tojiksoft"-ро таъсис додааст то дар ин самт баҳри баланд бардоштани донишҳои компютерии наврасон мусоидат намуда, беҳтарин барномаҳоро бо забони тоҷикӣ ба ҳамагон дастрас намояд, ки бо истифода аз мутахасисони ботаҷриба Марказ барои омода намудани барномаҳои компютерӣ, дарсҳои компютерӣ истифода аз технологияҳои навтарини барномасозӣ, 3D-видеоаниматсияҳо, омўзиши фанҳои дарсӣ бо воситаи бозиҳои компютерӣ ва дигар маълумотҳое, ки барои шавқу завқ ва тақвияти дониши хонандагони мактаб мусоидат мекунад як қатор барномаҳоро тарҳрезӣ намудааст.
Айни ҳол мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ба чунин барномаҳо ниёз доранд ва мо дар амал ҷорӣ намудани ингуна барномаҳоро бо забони тоҷикӣ қарзи ҷонии худ меҳисобем.
Дар ин самт мо барои ҳамкорӣ тамоми хоҳишмандон ва мутахассисонро дар соҳаи барномасозӣ, рассомӣ, 3d аниматсия ва дизайни компютерӣ ва дигаронро даъват мекунем, то ин, ки сифати барномаҳои мо баландтару зеботар гардад ва лоиқи қабули хонандагон, донишҷӯён ва донишмандон гардад.
Дар оянда маркази технологияҳои компютерии "Tojiksoft" бо мақсади тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи барномасозӣ, 3D аниматсия, дизайнер ва рассомӣ, моделсозони 3D графика ва 3D архитектураро ба роҳ монда, бо сомонаҳои омузишии давлатҳои пешрафта ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд.. Барои расидан ба ин мақсадҳо бовари дорем Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафҳои марказаи технологияҳои компютерии "Tojiksoft" ҳамрадиф буда ҳамкориро ба роҳ хоҳад монд ва моро дастгирӣ хоҳад кард. Бо итминони комил метавон гуфт, марказаи технологияҳои компютерии "Tojiksoft" дар дастгирии бо вазорату ташкилотҳо яке аз марказҳои беҳтарини истеҳсоли маводҳои электронӣ табдил мегардад. .
Хамзамон мақсади дигари "Tojiksoft" дар он аст, ки дар оянда тамоми барномаҳои "Tojiksoft" барои мардуми кишвари азизамон бепулу ройгон дастрас гардад. Агар маркази технологияҳои компютерии "Tojiksoft" ва истифода аз маводҳои электронии он барои баланд бардоштани илму фарҳанги кишварамон хизмат намояд, мо муттасадиёни ташкилот руҳбаланд гардида, руз ба руз барномаҳои навтаринро пешкаш хоҳем кард.

Саҳифаи аввал

Want your business to be the top-listed Computer & Electronics Service in Dushanbe?
Click here to claim your Sponsored Listing.

Telephone

Address


Dushanbe