rbda_vkd

rbda_vkd

Share

Photos from rbda_vkd's post 03/07/2023

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии БДА

Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии бозрасӣ дар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генера-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Раёсати бозрасӣ, полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва собиқадорону ҳайати шахсии бозрасӣ ширкат намуданд.
Зимни чорабинӣ номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисиёбии бозрасӣ ба ҳайати шахсии ин ниҳод расонида шуда, ҷиҳати фаъолияти шабонарӯзӣ бо мақсади таъмини тартиботу бехатарии шаҳрвандон, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба кормандони бозрасӣ изҳори миннатдорӣ баён гардид.
Дар идомаи чорабинӣ аз собиқадорони ин ниҳод ёдоварӣ гардида, таъкид карда шуд, ки собиқадорони бозрасӣ дар тули фаъолияти худ баҳри таъмини тартиботу пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳ аз худ матонату ҷасурӣ нишон дода, ҷоннисориҳо намудаанд. Мардонагию садоқатмнадӣ ва малакаи касбию таҷрибаи собиқадорон барои насли имрӯз ва ҷавони мақомоти милитсия намунаи ибрат ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони бозрасӣ барои иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ бо медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

05/06/2023

Ба ҳалокат расидани марди солхӯрда дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ
1-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муродов Субҳонқул Салимбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хучанд-Чаноқ» аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла-Версо», таҳти идораи ронанда Мирахмедов Исроил Мирзоахмедович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки аз самти шаҳри Хучанд ба самти шаҳри Истаравшан харакат дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Тайота Каролла-Версо», ҳаракати худро гум карда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Тошев Анорбой, соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Тошев А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Photos from rbda_vkd's post 03/06/2023

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади тарғиби риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бо ин тартиб пешгирии сар задани ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки наврасон, бо ибтикори роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ ҷараён баргузор гардид. Озмуни мазкур давоми 4 рӯз дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуда, ҳар як нафар иштирокчӣ, зимни иҷрои шартҳои озмун аз худ маҳорати баланд нишон доданд.
Дар арафаи таҷлили рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" ба анҷом расид, ки дар чорабинии тантанавӣ сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, полковники милитсия Қурбонзода Сӯҳроб ширкат ва суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки минбаъд ҳамасола чунин озмунҳо баргузор карда шуда, дар байни наврасон тарғиби риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба таври ҳамаҷониба ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» 6 даста иштирок намуда, дониш ва маҳорату малакаи баланди худро нишон доданд. Дар натиҷа, нозирони навраси шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал, нозирони навраси шаҳри Конибодом ҷойи дуюм ва нозирони навраси ноҳияи Данғара ва шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти бозрасӣ Ифтихорномаву тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо манфиатовар буда, нозирони наврас низ дар навбати худ миёни ҳамсолон дар тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки бо иштироки наврасон содир мешаванд, саҳми худро мегузоранд.

Photos from rbda_vkd's post 21/05/2023

Раёсати БДА: Амалиёти "Пиёдагард"

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, махсусан садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз 15-уми май то 25-уми майи соли ҷорӣ амалиёти шартии "Пиёдагард"-ро роҳандозӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар давоми 4 моҳу 10-рӯзи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 360-ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 163-тои онро ҳодисахои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин садамаҳо нақлиётӣ 48-нафар ба ҳалокат расида, 120-нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар давоми 5-шабонарӯзи гузаронидани амалиёти "Пиёдагард" дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони БДА 18385-ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд, ки 1465-тои онро пиёдагардон содир намудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст.
Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳадаф аз гузаронидани амалиёти мазкур коҳиш додани шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Точикистон аз тамоми шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Photos from rbda_vkd's post 12/05/2023

Дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ: боздошти ронандаи «Мерседес Бенс»

Аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 7700ЕА01, шаҳрванд Тоштемиров Бунёд Мадаминҷонович, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ боздошт карда шуд.
Номбурда санаи 3-юми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 13:55 дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо мақсади худнамоӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, яку якбора (кокс) бо садои баланди гушхарош автомашинаи худро ба ҳаракат дароварда, вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон, лаҳзаи қоидавайронкунии мазкур тавассути камераҳои назоратии «шаҳри бехатар» низ сабт гардидааст, ки исботи раднопазири кирдори қонуншикании шаҳрванд Тоштемиров Бунёд ба шумор меравад.
Вобаста ба ин нисбати Тоштемиров Бунёд тибқи талаботи моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуд.

10/05/2023

Ба ҳалокат расидани писарбачаи ноболиғ зери чархи “Опел-Астра”

9-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобохонов Хушвахт Анварович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Чоряккорон ба самти деҳаи О.Занон, дар рӯ ба рӯи гардиши маҳаллаи Маҳмадшоҳи-Боло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Бобиев Фазлиддин Музаффарович, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Want your business to be the top-listed Media Company in Dushanbe?
Click here to claim your Sponsored Listing.

Address


Душанбе
Dushanbe