MATIN BLOG
Мағозаи «1001 Ашё» — шаҳри Душанбе, назди гардиши 82, рӯ ба рӯи «Пайкар».
Дар мағоза аксияи калон ҷараён дорад! Ба садҳо намуди маҳсулот тахфифҳои аз 10% то 50% пешниҳод мешаванд. Агар барои хона, ошхона, кӯдакон ё таъмири хона чизе лозим бошад, ҳозир фурсати хуб барои харид аст.
Ба мағоза биёед, маҳсулоти лозимаатонро интихоб кунед ва аз тахфифҳои махсус истифода баред. Аксия муддати маҳдуд идома мекунад.
Имрӯз Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳунару ҳаҷвро аз даст дод. Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо) дар синни 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Солҳои зиёд ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва ҳунари нотакрораш ба мардум ханда ва хотираҳои нек бахшида буд. Ба гуфтаи наздиконаш, сабаби даргузашташ паст шудани фишори хун будааст.
Аз номи худ ба пайвандон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми дӯстдорони ҳунари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоям. Худованд ӯро раҳмату мағфират кунад, ҷояшро ҷаннат гардонад ва ба наздиконаш сабри ҷамил ато фармояд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. 🤲🕊️
Дар сафари худ ба шаҳри Марғилони Ӯзбекистон аз фабрикаи машҳури «Ёдгорлик» дидан кардем. Ин ҷо тамоми раванди тайёр шудани абрешими табиӣ – аз пиллаи кирмаки абрешим то либосҳои миллӣ ва қолинҳои дастибофро бо чашми худ мебинед.
Аз ҳама бештар маро сифати кор ва меҳнати устоҳо ба ҳайрат овард. Ҳар як маҳсулот бо сабр ва маҳорати баланд омода мешавад. Баъзе қолинҳои дастибоф бошад, то 5 000 доллар арзиш доранд.
Шумо чӣ фикр доред, чунин нарх барои меҳнати дастӣ арзанда аст?
Дар Душанбе боз як мағозаи нави молҳои рӯзгор кушода шуд.
Мағоза дар маҳаллаи 33-юм, кӯчаи Ҳилолӣ 73 ҷойгир буда, маҳсулотро мустақиман аз шаҳри Гуанчжоу ворид мекунад. Бо шарофати он ки маҳсулот аз дасти аввал пешниҳод мешавад, нархҳо хеле дастрас буда, аз ҳамагӣ 1 сомонӣ оғоз меёбанд.
Комплекси сайёҳии ба номи Бурҳониддин Марғинонӣ яке аз ҷойҳои нави диданӣ дар Ӯзбекистон буда, дар наздикии шаҳри Фарғона ҷойгир аст.
Дар ин макон меъмории анъанавӣ бо технологияҳои муосир ба ҳам омезиш ёфта, фазои зебо ва оромбахшро ба вуҷуд овардааст. Фонтанҳо, ҳавзҳои зебо ва хонаҳои қадимӣ онро ба макони беҳтарин барои сайругашти оилавӣ табдил додаанд.
Агар ба водии Фарғона сафар кунед, ҳатман ин ҷойро ба рӯйхати маконҳои диданӣ дохил намоед.
Таърихро акнун на танҳо мехонед, балки эҳсос ҳам мекунед.
Дар Тошканд осорхонаи нави интерактивӣ кушода шудааст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ гузаштаҳоро ба таври зинда нишон медиҳад. Ҳангоми тамошо худро гӯё дар ҳамон замон эҳсос мекунед.
Шумо ба чунин осорхона рафтан мехостед?
Дар форуми байналмилалии блогерон, ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кардам.
Ифтихор дорам, ки ҳамчун намоянда ва узви Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштам. Дар доираи форум бо блогерон аз кишварҳои гуногун вохӯрда, оид ба дӯстии байни давлатҳо, рушди сайёҳӣ ва ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом додем.
Бовар дорам, ки чунин вохӯриҳо барои наздиктар шудани халқҳо ва муаррифии беҳтари кишварҳои мо ба ҷаҳониён мусоидат мекунанд.
Click here to claim your Sponsored Listing.